Конфронси илмӣ бахшида ба Паёми Пешвои миллат
Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ва Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки васеи устодону донищҷӯён конфронси илмӣ-амалии донишгоҳӣ баргузор шуд.
Дар конфронс ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон пешбинӣ ва аз тарафи мақоми қонунгузории кишвар таҳия ва қабул гардид. Ин қонун шаҳрвандонро ба ватандӯстиву садоқат ҳидоят менамояд ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи абармарди дилсӯзи Ватан Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Анвар Мақсудов гуфт, ки ҳамагон дирӯз дар якҷоягӣ Паёми навбатии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ ва кулли мардуми шарифи кишвар тамошо намудем. Ҷоиз ба таъкид аст, ки Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав — терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад.
Ҳамчунин дар конфронс дар мавзӯъҳои «Эмомалӣ Раҳмон- Сарвари бохирад ва Пешвои миллат», «Паём — раҳнамои аҳли илму маориф», «Паём ва ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон» маърӯзаҳо шунида шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






