Кумаки башардӯстонаи Туркия ба зарардидагони заминларзаи Бадахшон

Январь 21, 2016 16:15

Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Сафорати Туркия дар Тоҷикистон бо ширкати туркии ТИКА тасмим гирифтааст, ки ба зарардидагони заминларзаи вилоятии МКБ кумаки башардӯстонаи худро расонад. Дар ин замина имрӯз сафир, ваколатдори муваққатӣ оид ба корҳои Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад Осим Арар иброз намуд, ки кумаки башардӯстона иборат аз 8 Камаз бор буда, барои 500 оилаи зарардидаи заминларзаи вилояти Бадахшон расонида мешавад.
Гуфта мешавад, ки кумаки башардӯстона аз орд, равған, биринҷ, шакар, макарон, лӯбиё, намак, чой ва болопӯш(адёл) иборат аст.

Январь 21, 2016 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш