Кумаки хайриявии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба зарардидагони Бадахшон

Январь 28, 2016 17:19

Душанбе, 28.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Имрўз кумаки навбатии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Маркази «Кинг Салман ҳуманитариан ейд енд релиф сентр»-и Арабистони Саудӣ ба аҳолии аз заминларзаи 7-уми декабри соли 2015 зарардидаи вилояти Бадахшон равона гардид. Ба иттилои масъулини ҶҲАТ кумаки мазкур аз 4 Камаз иборат буда, 650 кӯрпаи гарм, 400 печкаи махсус барои гармидиҳӣ, 800 қубур барои печкаҳо, 222 бастаи хӯрокворӣ (иборат аз шакар, лӯбиё, биринҷ, макарон, намак) ва 488 халта орд (24 400 кг)-ро дар бар мегирад.“Маводи хайриявӣ ба зарардидагоне, ки хонаҳои истиқоматиашон пурра ва қисман вайрон шудаанд, аллакай аз ҷониби ихтиёриёни бахши ҶҲАТ дар Бадахшон дар ҳамбастагӣ бо ҳокимияти маҳаллии ин минтақа дастрас гардид”,-иттилоъ доданд масъулини ҶҲАТ.
Ба иттилои манбаъ то имрӯз аз ҷониби ҶҲАТ бо дастгирии Маркази «Кинг Салман ҳуманитариан ейденд релиф сентр»- и Арабистони Саудӣ ба минтақаҳои зарардидаи вилояти Бадахшон дар маҷмўъ 5631 кӯрпаи гарм,1498 печкаи махсус барои гармидиҳӣ бо қубурҳояшон, 90 тонна ангишт,1558 бастаи хӯрокворӣ (иборат аз шакар, лӯбиё, биринҷ, макарон, намак), 2980 халта орд ва 11645 литр равғани растанӣ ҳамчун кумаки хайриявӣ расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки 2 моҳ ин ҷониб ҶҲАТ бо дастгирии Маркази «Кинг Салман ҳуманитариан ейденд релиф сентр»-и Арабистони Саудӣ ба аҳолии ниёзманди Тоҷикистон кумаки хайриявӣ мерасонад. Намояндагони ин марказ тасмим гирифтаанд, ки ба беш аз 1500 оилаи ниёзманди вилояти Бадахшон ва водии Рашт, ки тақрибан 7 500 нафарро ташкил медиҳанд, кумаки худро расонанд. Дар назар аст марҳилаи ниҳоии кумаки башардўстонаи ҶҲАТ бо дастгирии Маркази «Кинг Салман ҳуманитариан ейд енд релиф сентр»-и Арабистони Саудӣ 5- уми майи соли равон ба итмом расад.

Январь 28, 2016 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад