Кумитаи ҳифзи муҳити зист ғолибони озмунро қадрдонӣ кард
Душанбе, 04.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба соли нави 2016 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода кормандони кумита ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявиро бахшида ба натиҷагирӣ аз Даҳсолаи байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт” (солҳои 2005-2015), ки аз 2 феврали соли 2015 байни кормандони воситаҳои ахбори омма эълон гардида буд, табрик гуфт.
Дар ҷамъомади солинавӣ зикр гардид, ки моро дар соли 2016 вазифаҳои муҳимтаре интизоранд ва иҷрои самарабахши онҳоро бе ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, маориф, тандурустӣ, зиёиён, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ наметавон ба таври зарурӣ ва дилхоҳ амалӣ намуд.
Изҳори бовар карда шуд, ки бо ҳамкории дастаҷамъона дар соли 2016 ба тамоми муваффақиятҳои шоён дар беҳдошти муҳити зист ва солимии ҷомеа ноил хоҳем шуд.
Раиси кумита Х. Ибодзода ба ғолибони озмун ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ тақдим кард.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






