М. Муинова: Паём- раҳнамо ба сӯи фардои дурахшон аст

Январь 30, 2016 11:07

Хуҷанд, 30.01.2016. (АМИТ “Ховар”).- Сокинони вилояти Суғд низ дар қатори мардуми манотиқи дигари кишварамон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар хуш истиқбол гирифта, онро чун сармашқ ва раҳнамо барои рушди иқтисодиёти кишвар арзёбӣ менамоянд. Оид ба бардошти худ аз Паёми имсолаи Президенти кишвар ба хабарнигори АМИТ “Ховар” директори Мактаби президентӣ дар вилояти Суғд Матлуба Муинова чунин иброз дошт:
— Мо, маорифчиёни вилояти Суғд Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуш истиқбол гирифта, онро чун сармашқ барои фаъолияти минбаъдаи худ қарор додем. Ба андешаи ман чун як корманди соҳаи маориф, Паёми имсола ин Паёми таърихӣ ва барои халқу миллат муқаддас ба ҳисоб меравад, зеро ин Паёмро Сарвари хирадманди Тоҷикистон ба ҳайси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат ироа намуд. Ин унвони муқаддас — Пешвои миллатро тамоми мардуми сарбаланд ва меҳнаткаши Тоҷикистон бо як ҷаҳон ихлосу иродат ва асолату рисолати ватандорӣ пешниҳод намуда, қабули онро низ бо эҳтирому меҳрубонии беандоза пазируфтанд.
Тавре ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, маориф яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеаи инсонӣ ва давлат мебошад. Пешрафти давлат аз ин соҳа сарчашма мегирад. Барои пешрафти ҷомеа, пеш аз ҳама, кадрҳои лаёқатманд дар тамоми сатҳу зинаи давлатдорӣ заруранд.
Аз ин рӯ аз давраҳои қадим то ба имрӯз дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон барои дарёфти кадрҳои болаёқат рӯ ба соҳаи маориф оварда, ба он аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.
Ҳукумати Тоҷикистон низ ин соҳаро соҳаи муҳим ва афзалиятнок шуморида, барои пешрафти он тадбирҳои гуногун меандешад. Сарвари давлат дар Паём зикр кард, ки ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Сар аз кӯдакистонҳо то мактабҳои миёнаву олӣ дар зери таваҷҷуҳи хосса қарор доранд.
Дар Паёми навбатӣ фаъолияти ин соҳа, хосатан масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон, шуғлварзии онон ва ҳамчунин авзои сиёсии ҷаҳонӣ аниқу дақиқ таҳлил гардид.
Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ бо як ҷаҳон таассуф аз терроризм ва экстремизми ҷаҳонӣ сухан гуфт. Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Маълум аст, ки бадтарин ҷаҳолат, куштор, ҷиноят, хунрезӣ маҳз аз надоштани дониши баланд, тафаккур ва шуури зеҳнии инсонияти ҷаҳонӣ маншаъ мегиранд. Дар робита ба ин суханони хирадмандона, масъулини соҳаи маърифатии кишвар вазифадор шуданд, ки барои расидан ба мақсадҳои олии хеш дар сатҳи баланд ва сифатан дониш андўхтан, инчунин диққати ҷиддӣ додан ба таълиму тарбияи насли ҷавони имрузаи миллат чораҳои зиёди амалӣ андешанд.
Ҳамчунин Сарвари оқил ва маърифатдўсти кишвар оид ба забондонӣ ва аҳамияти он барои ояндаи ҷавонони миллат сухан гуфта, аз ҷумла таъкид намуд, ки ҷавонони имрўзаи Тоҷикистон бе донистани забонҳои хориҷӣ, хоса забонҳои русӣ ва англисӣ аз қаламрави кишвар берун рафта наметавонанд. Дар ин самт омўзгорони фанҳои русиву англисии муассисаҳои таълимии давлатӣ қатъӣ вазифадор карда шуданд, ки баҳри чуқур омўхтани фанҳои мазкур бо шогирдон корҳои зиёди таълимӣ, методӣ, эҷодӣ, аз қабили диққат додан ба хониши бурро, луғатомўзӣ, сатҳи навишти зебо ва гуфтугўи байниҳамдигарӣ бо забонҳои мазкурро амалан ҷорӣ намоянд. Инчунин барои ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзии муаллимони фанҳои мазкур бештару беҳтар корҳои зиёд ба анҷом расонида шаванд.
Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омўзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд.

Таҳияи Абдуаҳад Дадобоев, АМИТ “Ховар”, Суғд

Январь 30, 2016 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллӣ вобаста ба Парчами давлатӣ-рамзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ «Tech Jam 2024» баргузор шуд
Дар ноҳияи Мурғоб неругоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад
«АДОИ ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ-РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ!». Таҳти ин унвон ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид
ТАҲТИ ҲАМИН ПАРЧАМ БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАСИДЕМ. Дар Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд