Маҳаллаҳои навбунёди Хуҷанд бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд
Душанбе, 27.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Дар давоми солҳои 2016-2017 маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд аз 1 то 11, 14 ва 15 бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд.
Моҳи ноябри соли гузашта сокинони маҳаллаҳои номбурда дар мулоқот бо раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои танқисӣ доштанашон аз оби ошомиданӣ муроҷиат намуда, ҳалли онро дархост намуданд. Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини идораи сохтмонӣ, шаҳрсозӣ ва обтаъминкунии шаҳр супориш дод, ки бобати ҳалли масъалаҳои ҷойдошта чораҷӯӣ намуда, лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани ин маҳаллаҳоро омода намоянд.
Бо ин мақсад лоиҳаи «Таҷдид ва зиёд намудани иқтидорҳои истгоҳи обкашии № 4 ва 4 «а»» таҳияву омода гардид, ки оғози корҳои лоиҳавӣ дар соли 2016 ба нақша гирифта шудааст. Ин истгоҳи обкашӣ дар маҳаллаи «Мевағул» ҷойгир аст ва тибқи лоиҳа баъди зиёд намудани иқтидори онҳо хатти оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои навбунёд кашида мешавад. Барои марҳилаи аввали корҳо дар соли равон 4 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гаштааст. Корҳои сохтмонӣ, васлкунӣ ва навсозии иқтидори истгоҳи обкашӣ ба зиммаи се коргоҳи сохтмонӣ гузошта шудааст, ки онҳо дар тендер ғолиб омадаанд.