Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикобод- 131 млн. 292 ҳазор сомонӣ
Тоҷикобод, 27.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилии ноҳияи Тоҷикобод дар соли 2015 мутобиқ ба маълумоти оморӣ 131 млн. 292 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014, 6 млн. 592 ҳазор сомонӣ ё 5,3 фоиз зиёдтар аст.
Дар шароити кунунӣ, ки омилҳои зиёди номатлуби молиявию иқтисодӣ таъсири ногувори худро расонидааст, ягона воситаи ғанӣ гардонидани буҷет сари вақт ва хушсифат иҷро намудани нақшаҳои пардохти андоз мебошад.
Нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои андозӣ дар якҷоягӣ бо андозҳои иҷтимоӣ дар соли 2015 — 7 млн. 362 ҳазор сомониро ташкил медод, ки иҷрои он ба маблағи 7 млн. 660 ҳазор сомонӣ ё баробари 104 фоиз таъмин гардид.