Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо мудири Конуни миллии тарҷумаи Миср
Душанбе, 3.01.2016. (АМИТ «Ховар»). – Чанде қабл дар Қоҳира сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ бо мудири Конуни миллии тарҷумаи Миср Анвар Муғис мулоқот кард. Дар ин мулоқот масъалаҳои барқарорсозӣ ва густариши ҳамкорӣ байни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар дар заминаи тарҷума ва нашри китобҳои муаллифони тоҷик дар Миср мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин росто тавофуқ ҳосил шуд, ки дар давоми соли оянда дар Конуни миллии мазкур дар Қоҳира ҳамоишҳои рӯнамоии китобҳои муаллифони тоҷик, ки ахиран ба забони арабӣ тарҷума ва чоп шудаанд, баргузор гарданд.
Қобили зикр аст, ки Конуни миллии тарҷумаи Миср то ба имрӯз тақрибан 2500 адад китобро аз 35 забони ҷаҳон ба арабӣ тарҷума ва чоп кардааст. Аз ҷумла осори Фирдавсӣ, Саноӣ, Хайём, Сӯзании Самарқандӣ, Ғазолӣ, Аттор, Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Низомӣ, Ҷомӣ, Бедил, Айнӣ ва бузургони дигари шеъру адаби мо дар муассисаи мазкур ба арабӣ тарҷума ва чоп шудаанд.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






