Мулоқоти гурӯҳи «Пешоҳанг» бо ҷавонони ноҳияи Ҷиргатол
Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар») -21 январи соли равон бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» бо мақсади ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагию ободонӣ, саҳм гузоштан дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ дар ноҳияи Ҷиргатол вохӯрӣ бо мактаббачагону донишҷӯёни фаъоли ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур сардори Бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии ноҳияи Ҷиргатол Исмоналӣ Сафаров, нозири калони Хадамоти кор бо ноболиғони ШВКД дар ноҳияи мазкур Умаралӣ Давронов, узви фаъоли гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» Мардихудо Давлатов, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ҷавонону наврасони фаъоли ноҳия иштирок доштанд.
Иштирокдорони вохӯрӣ вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» дар мавзӯъҳои саҳм гузоштан дар ободию шукуфоии Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳар гуна гурӯҳ ва ташкилоти ғайриқонунии дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ, тақлид ба урфу анъанаҳои бегона ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз фикру мулоҳизаҳои якдигарро шуниданд.
Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, арзандаи ин мақом аст.
Зикр шуд, ки ҷавонони кишвар танҳо бо худогоҳию худшиносӣ, муттаҳидию якдилӣ ва дӯстию рафоқат метавонанд дар рушду нумӯъ ва ободию пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда гузоранд.
Ҷавонони ноҳияи Ҷиргатол тасмим гирифтанд, ки минбаъд низ чунин вохӯриҳоро идома дода, барои сарҷамъ гаштан ва пешгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб тамоми кӯшишу ғайрати худро равон хоҳанд сохт.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






