Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати “Митсубиши”

Январь 11, 2016 16:32

Душанбе, 11.01.2016 (АМИТ “Ховар”).- 6 январи соли 2016 вохӯрии Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини мудири генералии Раёсати рушди тиҷоратии Ширкати “Митсубиши” Ҳироказу Сайто ва мудири Раёсати рушди тиҷоратии ширкати мазкур Тору Ясуда баргузор гардид.
Зимни мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати “Митсубиши” баррасӣ шуд.
Сафири Тоҷикистон дар ҷараёни суҳбат оид ба иқтидори васеи ҳамкорӣ дар самти ба роҳ мондани корҳои геологию ҷустуҷӯӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулот маълумоти мушаххас дод.
Ҳамчунин масъалаҳо вобаста ба иштироки ширкати мазкур дар лоиҳаҳои муштараки ояндадор муҳокима шуданд.

Январь 11, 2016 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид