Нақши Суди Олӣ дар таҳкими волоияти қонун

Январь 18, 2016 18:07

Душанбе, 18.01.2016.(АМИТ «Ховар»).-«Суди Олии кишвар дар таъмини адолати судӣ, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон дар соли сипаригардидаи 2015 корҳои муайянеро ба сомон расонида, ба ҳайси суди марҳилаи якум 51 парвандаи ҷиноятӣ, 18 гражданӣ, 6 оилавӣ, 45 ариза оид ба барқарор намудани муҳлати мурофиавӣ ва 7 пешниҳодро баррасӣ намуд». Ин матлабро Шермуҳаммад Шоҳиён -раиси Суди Олии ҷумҳурӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Додгоҳи Олии кишвар дар соли 2015 дар нишасти матбуотӣ баён кард.
Раиси Суди Олии кишвар афзуд, ки аз 51 парвандаҳои ҷиноятии баррасишуда 47 парванда нисбат ба 74 нафар бо баровардани ҳукми айбдоркунӣ, бо як парванда нисбат ба 1 нафар чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ татбиқ гардида, 1 парванда нисбат ба ду нафар бинобар нопуррагии тафтиши пешакӣ барои гузаронидани тафтиши иловагӣ баргардонида шуда, пешбурди 2 парванда нисбат ба ду нафар бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ва бинобар гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан қатъ карда шуд.
Ҳамзамон раиси Суди Олии ҷумҳурӣ зикр кард, ки аз 74 маҳкумшуда ба 67 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ба як нафар ҷазо шартан татбиқ карда нашуда, нисбат ба шаш нафар ҷазои ҷарима таъйин гардид. Инчунин дар ин давра дар марҳилаи якум 18 парвандаи гражданӣ бо қабули 8 ҳалнома моҳиятан ҳал карда шуда, баррасии дутоаш бинобар даст кашидани даъвогарон аз даъво ва тасдиқи созиши тарафҳо қатъ карда, як аризаи даъвогӣ бе баррасӣ мононда ва ҳафт дархост оид ба эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ баррасӣ шуданд.

Январь 18, 2016 18:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд