Намоиш-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар Хуҷанд
Душанбе, 26.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Бо мақсади таъмини сокинони шаҳри Хуҷанд бо маҳсулоти кишоварзӣ, ғизо ва нигоҳдории нархҳои нисбатан арзон дар маркази вилоят намоиш-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ташкил шудааст. Ин тадбир имкон медиҳад, ки сокинон барои захираи маҳсулоти ниёзи худ дар фасли зимистон имконият пайдо намуда, ҳамзамон ба рақобати солими бозори дохилӣ шароит фароҳам оранд.
Тибқи иттилои масъулини шуъбаи савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби деҳқонону кишварзони ноҳияҳои вилоят бештар аз 30 тонна маҳсулот, аз қабили гӯшту равған, картошкаю сабзӣ ва пиёзу карам ба фурӯш гузошта шуд. Нархи маҳсулот нисбат ба нархҳои муқаррарӣ арзон буда, сокинон имкон доштанд, ки бо миқдори дилхоҳ онро харид намуда, барои рӯзгори худ захира намоянд.
Дар намоиш-фурӯш нархи гӯшт 25-27 сомонӣ, як килограмм равған бо нархи 10 сомонию 40 дирам, картошка аз як 1 сомонӣ то 1 сомонию 50 дирам, сабзӣ 50-70 дирам, пиёз 1 сомонию 20 дирам — 1 сомонию 70 диам ба фурӯш гузошта шуд.