Ноҳияи Носири Хусрав: Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% афзоиш ёфт
Душанбе, 28.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Соли 2015 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Носири Хусрав 230 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба як соли пеш қариб ду миллион сомонӣ зиёд аст.
Кишоварзони ноҳия ҳосилнокии ғалладонаро аз ҳар гектар ба 41,2 сентнер расонида, истеҳсоли аксар намуди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла гандум (150 %), лӯбиёгиҳо (109 %), сабзӣ (147 %) ва анвои сабзавоту полезиро афзоиш доданд.
Дар давраи кишти тирамоҳии соли 2014 ва баҳори соли 2015 дар майдони 5778 гектар зироати кишоварзӣ кишт карданд.
Рушди соҳаи боғу токпарварӣ батадриҷ таъмин ва соли 2015 117 гектар боғи нав бунёду 17,54 гектар боғу токзори кӯҳна барқарор гардид.
Рамазон Оймаҳмадзода, раиси ноҳияи Носири Хусрав иттилоъ дод,
ки соли 2015 аз тарафи ширкати “Ҷунтай Хатлон Син — Силу” дар майдони 380 гектар замини бекорхобидаи ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ноҳия пахта кишт гардида, 10,1 тонна пилла истеҳсол шуд, ки аз дурнамо зиёд аст.