Оғози мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ
Душанбе, 28.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю идораҳои давлатӣ ва шахсони ҳавасманд барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш — солимии ҷомеа» оғоз гардид.
Дар мусобиқа муовини вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов ба варзишгарон муваффақият таманно намуда, гуфт, ки варзиш қосиди сулҳ буда, дар ҳақиқат мардумро бо ҳам наздик мекунад, барои дӯстию рафоқат замина пайдо намуда, ба ватандӯстию солимии ҷомеа ҳидоят месозад. Давлату Ҳукумати кишвар ба рушди варзиш ва солимии ҷомеа, хусусан насли наврас ва ҷавонон таваҷҷуҳи хосса дошта, дар ин самт тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд. Имрӯз варзишгарони зиёди ташкилоту идораҳои гуногуни давлатӣ ва шахсони ҳавасманд бо ҳам омада, қувваи бозуи худро бори дигар месанҷанд. Танҳо омодагию маҳорати хуб метавонад онҳоро ба ғолибият расонад.
Устоди варзиш Маҳмаддовуд Одинаев иброз дошт, ки ҷаҳониён моро бо гӯштини миллиамон мешиносанд. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва арсаи ҷаҳонӣ иштироки фаъол дошта, бо медалу ифтихорномаҳо соҳиби обрӯи хос гардидаанд.
Ғолиби асосии мусобиқаро Шоҳҷоиза — мошини сабукрав интизор аст. Бояд зикр намуд, ки мусобиқаи мазкур бо ташаббуси вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ташкил шуда, то 4-уми феврали соли равон идома хоҳад ёфт.
Доварии мусобиқаи мазкурро доварони сатҳи байналмилалӣ ба уҳда дошта, ба тамошо ва мухлисии маҳорати варзишгарон ҳаводорони зиёде омадаанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






