Қобилияти содиротии корхонаҳои саноатӣ нисбат ба соли 2014 боло рафт
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо афзун гардидани истеҳсолот қобилияти содиротии корхонаҳои саноатӣ нисбат ба соли 2014 боло рафта, ба хориҷи мамлакат дар ҳаҷми 1,1 миллиард сомонӣ консентрати металлҳои ранга, 1,3 миллиард алюминийи аввалия, арматураи сохтмонӣ, кунҷакҳои металлӣ, сими алюминӣ, 107 ҳазор тонна қуми квартсӣ, 190 тонна масолеҳи рангубор, 500 метри мукааб маҳсулоти пенополистиролӣ ва семент ба маблағи умумии 18,0 миллион сомонӣ, ришта ва калобаи пахтагин, пўсти коркардшуда, матои пахтагин, маҳсулоти қолинӣ, консерваи меваю сабзавот, шарбатҳо ва обҳои маъданӣ, маҳсулоти қаннодӣ, спирти этилӣ, зарфҳои шишагӣ содирот карда шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шавкат Бобозода зикр дошт.
Дар ин давра ба Федератсияи Русия 11 тонна тамоку ва маҳсулоти тамоку, 20 тонна консерва ва беш аз 22 тонна нахи пахта содир шуд.
Ба гуфтаи вазири саноат ва технологияҳои нав, соли 2016 корхонаҳои истеҳсоли семент дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон мавриди истифода қарор дода мешаванд ва истеҳсоли семент афзуда, содироти семент берун аз кишвар рушд менамояд.
«Имсол бори аввал зиёда аз 500 тонна семент ба хориҷи кишвар содирот карда шуд»-илова намуд вазир.








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






