Ҷоми ФФД оғоз меёбад
Душанбе, 30.01.2016 (АМИТ «Ховар»). — Аз имрӯз сар карда, дар майдони дуввуми варзишгоҳи марказии пойтахт мусобиқаи футболбозон барои Ҷоми Федератсияи футболи шаҳри Душанбе оғоз меёбад.
Дар мусобиқаи имсола 21 даста ба ду гурӯҳ ҷудо карда шудаанд. Ба гурӯхи «А» дастаҳои «Рамис-Испечак», Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш, «Соро компания», «Султони Кабир», «Танзим», Донишгоҳи миллӣ, «Ховар», «Фароз», «Мирзочӯл» ва «Формула Успеха», ба гурӯҳи «В» тимҳои «Айнӣ», «Ваҳдат», «Ҷовид», «Истиқлол-2», «Очамайлӣ», Донишгоҳи славянӣ, «Рӯдакӣ», дастаи мунтахаби то 14-солаи мамлакат, «Сохтмони кишвар», «Чехов» ва «Ҷӯйбодом» шомил шудаанд. Тибки низомнома дастаҳо дар як давр бо ҳам қувва озмуда, чор дастаи пешсафи гурӯҳҳо ба даври ¼ -ниҳоӣ роҳхат мегиранд.
Даври ниҳоии мусобиқа рӯзи 4 апрел доир хоҳад шуд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






