Омилҳои гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он

Январь 19, 2016 18:02

Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ «Ховар») — Солҳои охир ҷомеаи ҷаҳониро хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба ташвиш андохтааст. Аксари ин гурӯҳҳои ифротӣ эътиқоду бовари динии мардуми кишварҳои гуногуни дунёро сӯйистифода карда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Натиҷаи кирдорҳои ҷинояткоронаи онҳо тафриқаандозӣ миёни мардум, қатлу куштори мардуми бегуноҳ, қашшоқӣ, бекорӣ, гуруснагӣ, бесаводӣ, гумроҳии ҷавонону насли наврас ва дигар таъсирҳои манфӣ дар ҷомеа мебошад. Таркишҳои бесобиқа, гаравгонгирӣ ва фавҷи гурезаҳо кишварҳои зиёди ҷаҳонро ба таҳлука андохтаанд. Аз ҳодисаҳои ваҳшатангези таркишҳо дар кишварҳои гуногун Фаронсаву Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркияву Покистон, Индонезияву Ироқ, Афғонистону Ливия ва дигарон аз тариқи васоити ахбори омма ҳамагон огоҳем ва медонем, ки чӣ қурбониҳоро дар пай доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин таҳдиду хатарҳои муосир бетараф нест. Ҷавонони зиёде дар дохил ва хориҷи кишвар ба доми мубаллиғони ташкилоту гурӯҳҳои дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ афтода, ҳаёти худ ва наздиконашонро ба хатар меандозанд. Оқибати гумроҳии онҳо рехтани ашки модарон, чашм дӯхтан ба роҳи фарзандону пайвандон ва мушкилии зиндагии хонаводаро ба бор меораду халос….
Сабабу омилҳои гаравиши шаҳрвандон, хусусан ҷавонон зиёданд, аммо беш аз ҳама ин ноогоҳӣ аз авзои сиёсии ҷаҳон, дарк накардани хатари ифротгароӣ, зудбоварӣ, ба доми фиреб ва таъсири одамони тасодуфӣ афтидан, соҳиби пули муфт гаштан ва аз ҳама асосӣ- надоштани донишҳои кофии диниву дунявӣ мебошад. Таблиғотчиёни дорои ақидаи террористию экстремистӣ аз вазъияти иҷтимоӣ ва ақидаи динии шаҳрвандон моҳирона истифода бурда, аз тариқи технологияи муосир, телефонҳои мобилию воситаҳои интернетӣ ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ онҳоро ба сӯи ҳадафҳои ғаразноки худ бо ҳар роҳу василаи ба худ хос ба қатлу куштор ва бераҳмию разилӣ мебаранд. Онҳо махсусан ҷавонони тануманду ба варзиш шуғл дошта, фаъолу худбовару бовиқорро меҷӯянд.
Чӣ тавр метавон бар зидди ин лашкари мубаллиғи ифротгаро мубориза бурд?! Чӣ бояд кард, ки ҷавонони тоҷик, фарзандони Ватани азизамон ба доми ин гурӯҳу созмонҳои хунхор наафтанд?! Пеши роҳи гаравиши шаҳрвандонро чӣ гуна метавон гирифт?! Ин суолҳоеанд, ки давлату ҳукумати кишвар аз рӯзи аввали пайдоиши ин зуҳуроти номатлуб дар амал нисбаташон чораҳои зарурӣ меандешанд.
Ба доми онҳо наафтидан аз худи шаҳрвандону ҷавонон вобастагии калон дорад. Онҳо хоҳ дар ҷумҳурӣ ва хоҳ дар муҳоҷират бояд доим дар робита бо наздикону пайвандони худ қарор гирифта, оид ба ҳар амалу иқдоми худ аз волидайн, шахсони кордида маслиҳат пурсанд. Ба сабукандешӣ роҳ надиҳанд, оқибати амали худ ва таъсири он ба оилаву наздиконашонро дар тарозуи ақл таҳлил намоянд. Ба шахсони тасодуфӣ, ваъдаи зиндагии хубу ақидаи ғайр бовар накунанд. Ҷавонону шаҳрвандони моро танҳо дӯстию муттаҳидӣ, дастгирии якдигар, дониши мукаммал, касбу ҳунар, меҳнати ҳалол, умед ба орзуҳои неки оянда ва дарки воқеият аз вартаи торикию ҷаҳолат наҷот дода метавонад.
Ҳар як фарди бовиҷдони ҷомеа бояд тамоми кӯшишу неруи худро барои некӯаҳволии хонаводаи худ, дастгирии наздикон ва ободию тинҷии кишвари худ равона созад. Аз баъзе мушкилиҳои зиндагӣ рӯҳафтода нашуда, бо як иродаи қавӣ пайваста дар пайи кори хайру нек шуда, дар ҷамъият соҳиби обрӯи арзанда гардад. Нисбат ба мушкилоти дӯстону наздикон низ бетафовут набуда, оид ба гирифтани пеши роҳи ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ саҳмгузор бошанд. Аз роҳи нодуруст баргардонидани як шахс ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудани ӯ- ин худ саҳмгузорӣ дар ободии кишвар ва рушди ҷомеа мебошад.
Мо бояд нагузорем, ки ягон шаҳрванди Тоҷикистони азиз таҳти таъсири манфии зуҳуроти номатлуби ҷомеа афтода, ба рӯзгори тинҷу осуда, зиндагии бомаром ва ояндаи худу хонаводаи худ халал ворид намояд.

Январь 19, 2016 18:02

Хабарҳои дигари ин бахш

11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид