Ғончӣ: Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои ба таълим фаро гирифтани фарзандон
Ғончӣ, 29.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ барои ташреҳи нуктаҳои Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳо сафарбар шуданд.
Чуноне аз мақомоти иҷроияи маҳаллӣ хабар доданд, гурӯҳҳои тарғиботӣ ба деҳаҳои Ғазантарак, Далён ва Қалъаи Дӯст рафта, доир ба мӯҳтавои Паёми Президенти кишвар бо сокинон мулоқот намуда, аз омӯзгорон даъват намуданд, ки барои аз мактаб дур намондани фарзандон ва ба илму донишу касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани онҳо кӯшиш намоянд.