Ҷонибдории кормандони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР аз Паёми Президенти ҶТ
Душанбе, 23.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Кормандони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират дар қатори дигар намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар тамошои дастаҷамии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисии Олии кишвар ширкат намуданд.
Зимни ироаи паём Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли равон ва солҳои минбаъда муайян намуда, дар баробари дигар масъалаҳои муҳим ба соҳаи иҷтимоии аҳолӣ низ таваҷҷуҳи хосса зохир кард. Беҳдошти тадриҷии вазъи иҷтимоии аҳолӣ дар шароити мураккаби иқтисодию сиёсии минтақа ва ҷаҳон яке аз вазифаҳои муҳимми ҳукумату давлат арзёбӣ шуд. Қайд гардид, ки бо вуҷуди таъсири буҳронҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳон ва афзоиши фишори он ба иқтисоди миллӣ бо талошу кӯшиши мардуми шарафманд нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ таъмин ва дар ин замина сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 31 фоиз паст гардид.
Пешвои миллат ба масъалаи шуғли аҳолӣ дахл намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки дар соли 2015 дар доираи барномаҳои давлативу соҳавӣ беш аз 205 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Мувофиқи суханони Сарвари давлат танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, касбомӯзӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ ба суботи иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири бевосита доранд.
«Амалӣ гардидани барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ имкон дод, ки дар 10 соли охир зиёда аз 1 миллион ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, танҳо тавассути мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 315 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд», — изҳор дошт Президенти мамлакат.
Дар баробари ин, Пешвои миллат ба вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм дастур дод, ки барои тақвият бахшидан ба омодагии касбии шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ раванди таълими касбиро ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ гардонанд.
Баъд аз анҷоми суханронии Президенти мамлакат Сафири ҶТ дар ФР Имомуддин Сатторов барои тартиби нақшаи чорабиниҳо вобаста ба иҷрои бандҳои дахлдори паёми Президенти кишвар машварат доир намуд.
Таъкид шуд, ки дар суханронии Пешвои миллат таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия, ба сифати шарики стратегӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии ҶТ арзёбӣ шуд ва ин омил дар навбати худ масъулияти мо, намояндагиҳои расмиро дар рушду инкишофи муносибатҳо дар кулли самтҳо бештар менамояд.
Дар ҳошияи Паёми Президенти мамлакат дар дафтари Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират низ маҷлис баргузор шуд. Роҳбари намояндагӣ Зоҳир Мирзоев бандҳои дахлдори паёмро шарҳ дода, изҳор намуд, ки нақшаи солонаи фаъолияти намояндагӣ бо назардошти дастуру супоришҳои Сардори давлат вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ, бо истифода аз иқтидори дохиливу хориҷӣ, мусоидат намудан ба раванди бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ба онҳо омӯзонидани касбу ихтисосҳои ба талаботи бозори меҳнати кишвари қабулкунанда ҷавобгӯ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон тартиб дода мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






