Озмоишгоҳҳои нав оид ба амнияти биологӣ, химиявӣ ва радиатсионӣ
Душанбе, 12.01.2015 (АМИТ «Ховар»). — Соли 2015 дар ноҳияи Данғара пойгоҳи байналмилалии илмӣ-тадқиқотии экологӣ ва дар мавзеи Ҷелондии ноҳияи Шуғнон пойгоҳи баландкӯҳи илмии экологӣ таъсис ёфта, Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ ва Маркази таълимӣ дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳо ба фаъолият шурӯъ карданд. Ба иттилои Академияи илмҳо пойгоҳҳои илмӣ ва марказҳои таҳқиқотӣ дар самти экология бо ташаббус ва дастгирии ҳукумати мамлакат таъсис ёфта, барои ифтитоҳи Озмоишгоҳи амнияти радиатсионӣ, Озмоишгоҳи амнияти химиявӣ ва Озмоишгоҳи амнияти биологӣ дар назди Академияи илмҳо замина гузошта шудааст. Озмоишгоҳҳои мазкур дар нимсолаи аввали соли равон ба фаъолияти пурраи илмӣ машғул мешаванд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






