Паҳн гардидани 14 ҳазор варақаи таблиғотӣ аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин
Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- «Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ 14 ҳазор варақаи таблиғотӣ омода ва ба табъ расонида, дар бозорҳои «Корвон» ва «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе, масҷидҳои ҷомеи марказӣ, ҷомеи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври ройгон паҳн намуд.»-зикр намуд зимни нишасти матбуотии имрӯза муовини аввали раиси кумитаи мазкур Ҷумъахон Ғиёсов.
Инчунин дар асоси 117 дархост 399 номгӯй адабиёт, 36 дафтар, 1 тақвими динии соли 2015 ва 1049 варақаи дорои мазмуну муҳтавои динӣ дар ҳаҷми 63 ҳазору 583 саҳифа = 3973,93 ҷузъи чопӣ аз ҷониби кумита мавриди таҳлил ва ташхиси диншиносӣ қарор дода шуда, ба 312 номгӯй адабиёт, 7 дафтар ва 783 варақаи дорои мазмуну муҳтавои динӣ хулосаи мусбат, ба 87 номгӯй адабиёт, 1 тақвими динии соли 2015, 29 дафтар ва 266 варақаи динӣ, 19 сурат бо нишондоди парчами ДИИШ ва 1 парчами сиёҳ, ки мазмуну муҳтавои онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доштанд, хулосаи манфӣ дода шуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






