Паём — дастур ба сӯи фардои ободу дурахшон

Январь 26, 2016 12:03

Қайроққум, 26.01.2016.(АМИТ “Ховар”).-Дар толори мақомоти маҳаллии шаҳри Қайроққум ҷаласаи васеи корӣ таҳти раёсати раиси шаҳр Матлубахон Амонзода бо иштироки фаъолон ва масъулини бахшу шуъбаҳои мақомоти шаҳр доир гардид.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” масъули хадамоти матбуотии мақомоти шаҳри Қайроққум Рустами Одизода иттилоъ дод, яке аз масъалаҳои асосии ҷаласаи навбатӣ баёни нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди гуфтугузор қарор гирифт.
Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода баён дошт, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат нисбат ба паёмҳои солҳои пешин боз ҳам фарогиртару пурмуҳтаво буда, он, пеш аз ҳама, далели барҷастаи рушди бомароми кишвар дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт мебошад. Паём ҳисси ифтихори аҳли сокинони Ватани маҳбубамонро аз сарзамини хеш, аз истиқлолияти он ва аз комёбиҳои барҷастааш то солҳои охир боз ҳам афзудааст.
Шаҳрдори Қайроққум таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба масъалаҳои роҳҳои пешрафти соҳоти гуногуни хоҷагии халқи шаҳр, баланд бардоштани сатҳи зисти шаҳрвандон, беҳбудӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фаъолияти густурда дар амалисозии Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва фарогирии ҳарчи бештари нафарони бекор бо шуғли доимӣ ҷалб намуд, — афзуд манбаъ.

Январь 26, 2016 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»