Паём роҳнамои фаъолияти Хадамоти муҳоҷират аст!
Душанбе, 21.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми анъанавии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола чун роҳнамои фаъолияти худ қабул менамояд ва барои татбиқи муҳимтарин нуқтаҳои он тадбирҳои амалӣ меандешад.
Аз ҷумла, 20 январи соли равон дар Хадамоти муҳоҳират шунидани Паёми Президент ба таври муташаккилона ба роҳ монда шуд.
Бо мақсади дар сатҳи баландтар омўхтан ва шинос шудан бо Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 январи соли равон масъалаи ташвиқу тарғиб ва омўзиши давра ба давраи Паём дар маҷлиси машваратии назди сардори хадамот баррасӣ гардид.
Бино ба иттилои масъулини хадамот, роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират тамоми кормандонро бо матни пурраи Паём таъмин намуда, омўзиши амиқи онро талаб хоҳанд кард. Дар ҷараёни санҷиши донишу малакаи кории кормандон, аттестатсия ва интихоби мутахассисон оид ба Паёми Президент ва муҳимтарин нуктаҳои он саволу ҷавоб хоҳад шуд.
Мисолҳои мушаххас ва рақамҳои овардаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон низ нишон доданд, ки Тоҷикистонро ояндаи дурахшон дар пеш аст. Ғамхориҳои давлату Ҳукумат, шахсан Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва табақаҳои ниёзманд, нақшаҳои минбаъдаи рушду нумуъ ва ҳадафи асосии зикрнамудаашон ба аҳли ҷомеаи меҳнатии Хадамоти муҳоҷират рўҳу илҳоми тоза бахшид.
Дар маҷмўъ аҳли кормандони Хадамоти муҳоҷират якдилона Паёмро маъқул дониста, ҷонибдорӣ карданд ва барои таъмини иҷрои саривақтии вазифагузориҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои танзими раванди муҳоҷират, касбомўзонию забономўзонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа, ташвиқу тарғиби дастовардҳои Истиқлолият ва сиёсати давлату Ҳукумат, пешгирии омилҳои номатлуб, бузургдошти забони давлатӣ ва дастгирии ниёзмандон мунтазам кўшиш ба харҷ медиҳем.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони касбии мамлакат самтҳои асосии фаъолияту зиндагии кулли тоҷикистониёнро барои як сол ва солҳои минбаъда муайяну мушаххас кард. Хадамоти муҳоҷират баҳри иҷрои саривақтии ҳама вазифагузориҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳо босамар истифода хоҳад бурд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






