Прокуратураи Файзобод: ҳадаф-пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ

Январь 26, 2016 14:45

Файзобод, 26.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Гаравидани баъзе аз ҷавонони бемаърифати миллати тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ барои ҳамаи ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан барои падарону модарон масъалаи доғи рӯз гардидааст.
Тибқи иттилои Прокуратураи ноҳияи Файзобод, Ҷаборов Фозилшо Раҳматуллоевич, соли тавалудаш 1992, сокини деҳаи Арзановаи ҷамоати деҳоти ҷавонон, Некрӯзҷон Миров, соли тавалудаш 1993, сокини деҳаи Хами себи ҷамоати деҳоти Ҷавонон, Чақонов Эмомалӣ Шерович, соли тавалудаш 1993, сокини деҳаи Қалъаи дашти ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт, Нуров Фарҳодҷон Азаматович, соли тавалудаш 1994, сокини деҳаи сокини деҳаи Сеқилоқаи ҷамоати деҳоти Меҳробод, Гулзода Акмалҷони Нурмаҳмад, соли тавалудаш 1992, сокини деҳаи Бини Култаи ҷамоати деҳоти Д. Алӣ ва Ғиёсов Акмалҷон Набиҷонович, соли тавалудаш 1988, сокини деҳаи Қалъаи дашти ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия рафта, сипас баъзеашон тавассути давлати Туркия ба гурӯҳҳои яроқноки терористиву ифротгарои «Давлати исломии Шому Ироқ » шомил шуда ва дар амалиёти ҷангии ин давлат иштирок доранд, ки падарону модарону зану фарзандонашон баъд аз рафтанашон бохабар гардидаанд. Ҳоло ин ҷавонони ба доми фиреб афтода дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд.
Ба хотири нагаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва бохабар шудани падарону модарон аз вазъияти ҳассоси имрӯзаи ҷаҳон, Прокуратураи ноҳияи Файзобод соли гузашта дар 9 ҷамоати шаҳраку деҳот ва деҳаҳои ноҳия дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриҳо гузаронид, ки имсол низ ин вохӯриҳо идома меёбанд.

Январь 26, 2016 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»