Прокурори Бадахшон ва сардорони 2 раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иваз шуданд
Душанбе, 11.01.2016. (АМИТ “Ховар”). – Наботов Ҷумахон, ки то ин вақт сармуҳаррири рӯзномаи Садои Мардум буд, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратчии калон-сардори шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як зумра тағйироти кадрӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мақомоти прокуратураю корҳои дохилӣ ба амал баромад.
Ба ин тартиб, Асозода Дороб Абдусалом прокурори вилояти Бадахшон, Додоҷонов Умедҷон Муидинович сардори раёсати кадрҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Аваззода Шараф Тавар сардори раёсати амнияти дохилии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин гардиданд.
Ҳамчунин, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Зафарободи вилояти Суғд ва Фархори вилояти Хатлон иваз карда шуданд.








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд






