Роғун: 573 фаъолзан дар мансабҳои гуногуни мақомоти иҷроия

Январь 21, 2016 16:16

Роғун, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» дар шаҳри Роғун алҳол 573 фаъолзан дар мансабҳои гуногуни мақомоти иҷроия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои шаҳр фаъолият доранд, ки аз ин шумора 199 нафараш дар мансабҳои роҳбарикунандаанд. Имрўзҳо намояндагони занон дар маҷлиси вакилони халқи шаҳр 3 нафар ва дар маҷлиси вакилони шаҳраку деҳот 11 нафарро ташкил мекунанд. Дар донишкадаҳои олии пойтахт 110 донишҷў тавассути квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, ки 50 нафараш духтаронанд.
Дар 12 моҳи соли 2015 дар маркази дўзандагии шаҳр 87 зан ва ҷавондухтари бекор ба курсҳои кўтоҳмудати касбомўзӣ ҷалб шуданд.

Январь 21, 2016 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад