Рўзномаи «Маҳрам» — минбари бонувон
Душанбе, 25.01. 2016 (АМИТ «Ховар») .- Дар ноҳияи Ашт аз моҳи марти соли 1992 сар карда, моҳномаи иҷтимоию фарҳангии бонувону духтарон бо номи «Маҳрам» нашр мешавад. Дар оғози соли 2016 низ рӯзномаи «Маҳрам» ба дасти хонандаҳо расид, ки дар он хабарҳо аз фаъолияти бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, лавҳаву таронаҳо бахшида ба зан-модар, шеъру мақолаҳо аз ҳаёту фаъолияти бонувони фаъолу барўманд, собиқадорони меҳнат, оилаҳои намунавӣ чоп шудаанд. Дар нашри навбатии он тарона бо номи «Таронаи ватан» ва мақолаҳои «Бонуи сарвар», «Фариштахислат», маслиҳатҳои «Алифбои оиладорӣ», «Маслиҳатҳои маҳрам», «Пурсишҳои маҳрам» дарҷ гардидаанд.
Мақсад аз чопи ин рӯзнома баланд бардоштани маърифати занон, додани маслиҳатҳои муфид барои духтарону навхонадорон, омўзонидани дарси одоби оиладорӣ ва маърифати рўзгордорӣ мебошад.
Муҳаррири ҷавон Масрура Сиддиқова аҳли эҷодкорони ноҳияро сарҷамъу муттаҳид намуда, аз эҷодиёти шоирону адибони ноҳия дар «Маҳрам» намунаҳо ба чоп мерасонад ва барои баланд бардоштани руҳияи эҷодии онҳо саҳм мегузорад.