С.Юнусов: Моро зарур аст аз паи татбиқи нуктаҳои асосии Паём шавем

Январь 28, 2016 11:21

Хуҷанд, 28.01.2016. АМИТ “Ховар”.-Сокинони вилояти Суғд Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ бо руҳияи баланди ифтихор аз ватандориву соҳибистиқлолӣ қабул намуда, онро чун барномаи мушаххаси рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рафъи камбудиҳои кулли соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар арзёбӣ менамоянд. Сарфароз Юнусов, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба таассурот ва бардошти худ аз Паёми Сарвари давлат ба хабарнигори АМИТ “Ховар” чунин гуфт:
— Дарвоқеъ ҳар сол мардуми кишвар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бесаброна интизоранд ва ин ҳам бесабаб нест. Паёми Президенти кишвар аз минбари баланд мазмунан сермуҳтаво фарогири паҳлӯҳои мухталиф — иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, умуман ҳаёт буда, он ба сифати роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳиме дорад, зеро дастовардҳои мамлакат дар чанд соли сипаригашта ва чанд соли минбаъдаро инъикос менамояд.
Паёми Пешвои миллат ба мақоми олии қонунгузори мамлакат дар шароити таҳдидҳои пурхатари терроризм ва экстремизм, муборизаи кишварҳои абарқудрат барои ба даст овардани манфиат ва махсусан бӯҳронҳои молиявию иқтисодӣ ироа гардид.
Бояд гуфт, ки новобаста аз ин, соли 2015 дар саҳифаҳои таърихи кишварамон бо дастовардҳо ва нишондиҳандаҳо сабт шуд, ки ҷойгоҳи кишварро дар ин шароити пуртазод ва зуҳуроти мухталифи дар ҷаҳони тағйирпазир ба амалоянда равшан нишон медиҳад.
Дар соли 2015 дар ҳаёти сиёсию фарҳангии кишвар баргузор гардидани чорабиниҳои фарҳангии 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 3 000-солагии Ҳисори шодмон ва ҷамъбаст гардидани Даҳсолаи «Соли оби тоза» дар баланд бардоштани рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллии ҳамватанон, инчунин мустаҳкам гардидани нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири босамар доштанд.
Маҳз заҳмату талоши роҳбарияти кишвар, бахусус дар заминаи таъмини рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ боис гардид, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар паст гардида, дар баробари ин, масъалаҳои вазъи тандурустии аҳолӣ ва ҳадди миёнаи дарозумрӣ ба самти мусбат рушд кунад.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат тамоми паҳлӯҳои ҳаёти кишвар бо мисолҳои дақиқ мавриди таҳлилу баррасӣ ва хулосабарорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, афзудани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, паст гардидани сатҳи камбизоатӣ, зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ ва афзудани маблағи пасандозҳо, ки бо нишондодҳои дақиқ зикр гардиданд, баёнгари роҳи дурусти интихобнамуда ва дар ин замина ба даст овардани муваффақиятро баён мекунанд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муваффақиятҳои кишварро натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми кишварамон баён карда, дар баробари он таъсири равандҳои номатлуби дар заминаи таъсироти шадиди омилҳои берунӣ ба аксари соҳаҳои иқтисоди миллии мо таъсиргузорро баён намуд.
Дар баробари он бо мақсади пешгирии таъсироти манфӣ Ҳукумати кишвар нақшаи чорабиниҳои иловагиро бо назардошти таъмин намудани тараққиёти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши ҳамкорӣ бо шарикони тиҷоратӣ ва ташкилоти молиявии ҷаҳонӣ амалӣ менамояд.
Дар Паём зикр гардид, ки Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дар амал татбиқ намудани таъмини аҳолии кишвар бо шароити беҳтарини зиндагӣ аз якуми июли соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнатро амалӣ мегардонанд, ки қадами дигар дар заминаи анҷом бахшидани кӯшишҳои босамар ба ҳисоб меравад. Яке аз соҳаҳое, ки дар паём мавриди таҳлил қарор гирифт, ин соҳаи маориф буд.
Тавре ки Президенти кишвар баён дошт, давлату ҷомеа ояндаи неки худро ба пешравии
соҳаи маориф мепайванданд, зеро бе пешравии
ин соҳа беҳбуди иқтисодӣ, инкишофи фарҳанг
ва ташаккули шахсияти дорои олами бойи
ботиниро тасаввур кардан мумкин нест.
Сол аз сол афзоиш ёфтани маблағгузории соҳа- ин худ далели гуфтаҳои болоист. Дар ин замина соли 2016 низ барои пешбурди соҳаи мазкур 3 миллиарду 150 миллион сомонӣ равона хоҳад гашт.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз ин тадбирҳо аз як ҷониб агар таъмин намудани соҳаҳои кишвар бо мутахассисони бо донишҳои замонӣ фарогир бошад, пас тарафи дигар ба воя расонидани насли бомаърифату донишманд ва ояндасоз мебошад.
Дар ин замина боз як бардошти худро мехоҳам зикр намоям, ки ин масъалаи доғи рӯз — гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва экстремистӣ мебошад.
Дар шароити муосир терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср на танҳо ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунанд, балки барои башарият хатари он камтар аз силоҳи ядроӣ нест. Аз ин хотир, ҳифзи ҷавонон аз чунин гурӯҳу равияҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту озодихоҳ мебошад.
Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки сатҳи саводи зарурӣ надоранд ва ин гурӯҳҳо бо истифода аз бесаводию тангназарӣ чунин ҷавононро ба доми худ кашида, боиси гумроҳии онон мегарданд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина таъкид кард: «Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд». Воқеият ин аст, ки танҳо ҷавонони бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити пуртазоди авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои азими Истиқлолияти давлатии кишварамон, ки имсол 25-солагии онро таҷлил мекунем, якҷо бо ниҳодҳои масъул амал намоянд.
Таҳияи Абдуаҳад Дадобоев, АМИТ “Ховар”, Суғд

Январь 28, 2016 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»