«Сахт нагӯӣ, суст наояд», «Паёмади як иштибоҳ», «Субҳи Бартанг», «Заволи қумандонсолорӣ дар Кӯлоб», «Сӯфигарӣ нишона аз раҳгумиҳои тоҷикон аст», «Сиёсатмадорон ҳам мегирянд» — ин ва дигар мақолаҳои ҳафтаи равон чопшуда

Январь 21, 2016 11:50

Душанбе, 21.01.2016 (АМИТ «Ховар»). – Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи рақами 12 аз 19-уми январ мақолаи номзади илмҳои филологӣ Сайрам Бақозодаро бо сарлавҳаи «Пешвои миллат – эҳёгари ҳувият ва фарҳанг» чоп карда, дар бораи вохӯрии раиси Маҷлиси миллӣ бо сафири Чин, қатъи муваққатии фаъолияти консулгариҳо ва дигар рӯйдодҳои ҷаҳон хабарҳо пешкаши хонандагон кардааст. Дар шумораи рӯзи чоршанбеи «Ҷумҳурият» аз 20-уми январ мақолаҳои «Тавлиди як гирдоби дигар» , «Ҷойгоҳи дин дар давлати дунявӣ»,  «Ҳоли табоҳи Такоб», «Паёмади як иштибоҳ» нашр шуда, аз ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат ва кишварҳои хориҷӣ ва аз нишастҳои матбуотии вазорату кумитаҳои давлатӣ хабару гузоришҳо чоп шудаанд. «Ҷумҳурият» дар шумораи имрӯзаи худ матни Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 чоп кардааст. Хабарҳо аз нишастҳои матбуотӣ, рубрикаҳои «Ҷаҳон дар як сатр» ва навигариҳои Тоҷикистон аз навгониҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ иттилоъ додаанд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» шумораи рақами 8 (19 январи соли 2016), аз суҳбати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сафири навтаъйини Ҷумҳурии Мардумии Чин  ва баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров гузориши муфассал нашр кардааст. «Рафтааст аз назару лек зи дилҳо наравад»- бо чунин сарлавҳа мақолаи Д. Мерганов дар ҳамин шумораи «Садои мардум» пешкаши хонандагон шудааст. Муаллиф аз ҳаёт ва фаъолияти собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, шодравон Суҳроб Шарипов ёдоварӣ кардааст. Дар шумораи имрӯзаи «Садои мардум» аз ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум гузориши муфассал ва матни Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат пешкаши хонандагон шудааст.

Дар шумораи навбатии нашрияи «Халқ овози» Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст. Дар саҳифаҳои дигари нашрия гузоришу хабарҳо аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои гуногун пешкаши хонандагон гардидааст.  Дар рубрикаи адабӣ-иҷтимоӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти олими заҳматкаш, дотсенти Донишгоҳи Хуҷанд Абдуназар Раҳмонқулов мақолаи муаллифон Баҳром Ҷабборов ва Олимҷон Абдуллоев нашр шуда, мақолаи Абдулло Саидов «Журналистон раис интихоб намуданд» оид ба анҷумани баргузоршудаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон нақл мекунад.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» мақолаи Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакатро таҳти сарлавҳаи «Бардошти як ҷаҳон маънӣ аз Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ» нашр карда, инчунин аз нишастҳои матбуотӣ хабарҳоро пешкаши хонандагон кардааст.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» мақолаи Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа «Адабиёт бояд ҳамқадами замон бошад»-ро чоп карда, дар саҳифаи назм шеърҳои шоир Доро Наҷот, дар саҳифаи наср новеллаи Ҳамроҳи Авлиёпур «Ғуссаи модар» ва дар саҳифаи публитсистика мақолаи Лаълҷубаи Мирзоҳасан «Субҳи Бартанг»-ро пешкаши мухлисони худ намудааст.

Нашрияи Вазорати маориф ва илми мамлакат «Омӯзгор» Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда, Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба анҷоми соли таҳсили 2015-2016, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳуриро пешкаши хонандагон намудааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» таҳти сарлавҳаи «Сахт нагӯӣ, суст наояд» мусоҳибаи Шариф Ҳамдампурро бо раиси ВМКБ Шодихони Ҷамшед чоп кардааст. Раиси вилояти Бадахшон Шодихони Ҷамшед соли 2016-ро соли мубориза бо ҷинояткорӣ эълон кардааст, — омадааст дар мусоҳибаи ҳафтанома.

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» мақолаи Зафари Мирзоёнро бо номи «Сӯфигарӣ нишона аз раҳгумиҳои тоҷикон аст» нашр кардааст.

«СССР» аз кушта шудани Д. Чолов дар Сурия бо сарлавҳаи «Заволи қумандонсолорӣ дар Кӯлоб» мақола нашр карда, андешаҳои инфиродии сармуҳаррирро бо номи «Модари клоссики тоҷик куҷост?» пешкаши мухлисонаш кардааст.

 «Фараж» бо номи «Аз заминларзаҳои Тоҷикистон кӣ манфиатдор аст?», «Табобати вазирон дар хориҷа», мақолаҳо чоп намуда, таҳти номи «Сиёсатмадорон ҳам мегирянд» фоторепортаж аз гиряи президентони кишварҳои ҷаҳон пешкаши хонандагон кардааст.

 Нашрияи «Миллат» бо сарлавҳаи «Гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Афғонистон: овоза ё воқеият?» мақолаи таҳлилии Қосимшо Искандаров, доктори илми таърихро ба нашр расонидааст.

Нашрияи «Самак» таҳти сарлавҳаи «Хиёнати Фузайл Махсум нисбати Амир Олимхон» мақолаи Азизмуроди Алиакбарро чоп карда, идомаи романи Аброр Зоҳир «Таърихи беморӣ»-ро пешкаши мухлисон кардааст.

Нашрияи русзабони «AsiaPlus» дар шумораи рӯзи душанбегии худ мақолаи сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдуллоро бо номи «Осиёи марказӣ ва Русия – иттифоқчиёни сиёсӣ ва ё шарикон» нашр кардааст.

Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» матни Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 чоп  карда, мақолаи Ҳ. Ализодаро бо сарлавҳаи «Олмониҳо аз ислом метарсанд» пешкаши хонандагон кардааст.

Январь 21, 2016 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавсия: барои алоқа дар Узбекистон маблағ камтар сарф мекунем
Дар соҳили Сирдарё барои истироҳату фароғат шароити хуб фароҳам оварда шудааст
Президенти Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи олӣ — муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1247 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар гармхона бо усулҳои муосир маҳсулот парвариш мекунанд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир менамояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Пешвои миллат: «Ҳамеша шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва зиндагии орому осудаи худро ба ҷо оварем»