Шариф Саид бо намояндагони Палатаи савдо ва саноати Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот кард
Душанбе, 26.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо намояндагони Палатаи савдо ва саноати Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб таҳти роҳбарии Муҳаммад Рафоӣ-мудири Раёсати аъмол ва робитаҳои байналмилалии Палатаи савдо ва саноати Абу-Дабӣ вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ инчунин Оҳан Балян — мудири иқтисод, Умар Ваҳбӣ — сармутахассис оид ба тиҷорат ва хонум Рудҳа Аслай — мутахассиси Палатаи савдо ва саноати Абу-Дабӣ ширкат доштанд.
Ҷонибҳо дар масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар самтҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ, аз ҷумла канданиҳои фоиданок, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, коркарди растаниҳои шифобахш барои тиб, гидроэнергетика, коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва содироти он, саноати сабук, хӯрокворӣ ва сайёҳӣ суҳбат намуданд.
Аз ҷумла, Шариф Саид зикр кард, ки мавқеи Тоҷикистон аз ҷиҳати географӣ хеле хуб буда, иқлими он барои парвариши намудҳои зиёди маҳсулоти кишоварзӣ мусоид мебошад ва инчунин дар ин ҷо гиёҳҳои зиёди шифобахш мавҷуданд, ки метавон онҳоро барои тиб истифода намуд. Аз нигоҳи неругоҳҳои барқии обӣ низ мо захираи зиёди обҳо дорем. Имрӯз мо ба ворид намудани технологияи навин барои коркарди ин гунна маҳсулот ниёз дорем.
Тадбири хуб барои пайваст намудани доираҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар- ин гузаронидани намоишгоҳҳо ва дар доираи он баргузории форумҳои тиҷоратии доираҳои тиҷоратӣ мебошад. Гузаронидани намоишгоҳҳо ва Бизнес-форумҳо дар ташкили корхонаҳои муштарак ва вориди технологияи муосир саҳми бузурге метавонад дошта бошад.
Зикр шуд, ки Палатаи савдо ва саноати Абу-Дабӣ дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда намояндагии Палатаи савдо ва саноати Абу-Дабиро дар Душанбе мекушоянд, ки он метавонад як институти хубе барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи савдо гардад ва ҳамчунин ба ин восита тоҷирони ҳар ду кишвар метавонанд маълумотро оид ба лоиҳаҳои фазои сармоягузорӣ ва тиҷоратии ҳар ду тараф дарёфт намоянд.
Шариф Саид ба меҳмонон СД-диски «Роҳнамои тиҷорат»-ро, ки дар он зиёда аз 470 лоиҳаи сармоягузорӣ дар самтҳои гуногуни афзалиятноки ҷумҳурӣ ва дигар маълумоти муҳим барои сармоягузорон гирд оварда шудаанд, тақдим намуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






