Шиносоии ҷавонони Язгулом бо ёдгориҳои таърихӣ ва ободиҳои Ҳисори шодмон
Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — 17 январи соли равон ҷавонони водии Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар доираи сафар таҳти унвони «Паёми дилҳо» дар якҷоягӣ бо ҷавонону донишҷӯёни ш. Душанбе аз ноҳияи Ҳисор боздид намуда, бо ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва симои имрӯзи он воқиф гардиданд. Ҷавонон ба Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, бо ёдгории таърихии Қалъаи Ҳисор ва нигораҳои осорхонаи шафати он шиносоӣ пайдо намуданд. Симои таърихии ин ёдгории бостонӣ дар ҷараёни барқарорсозӣ хеле ободу зебо гардидааст. Деворҳои атрофи қалъа, дарвозаю аркҳои он, ҳавзи дохил, айвонҳои суҳбатгоҳ, сарбозхона, амфитеатр, дӯконҳои гуногун барои ҳунармандон ва дигар иншооти дорои аҳамияти таърихии он бунёд ва навсозӣ шудаанд.
Қалъаи Ҳисор аз муҳимтарин иншооти ҷашни 3000-солагии Ҳисор ба шумор рафта, аз таъриху фарҳанги бостону пурғановати шаҳрсозии водии Ҳисор ва умуман мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Ин ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV — XVII мелодӣ — “Ҳисори Шодмон”, яъне қалъаи Шодмон номида мешуд. Он нишонае аз маданияти зиёда аз панҷҳазорсолаи Тоҷикистон буда, яке аз ганҷинаҳои бебаҳои мардуми ориёнажоди ин сарзамин ба шумор меравад.
Зимни вохӯрии ҷавонони язгуломӣ ва ҷавонону донишҷӯёни Душанбе, миёни онҳо суҳбатҳои самимӣ, шеъру сурудхонӣ ва таманниёти нек барои дӯстию рафоқат, меҳанпарастию ҳувияти миллӣ сурат гирифт.
Ҷавонони язгуломӣ хурсанд аз он буданд, ки давлату ҳукумати кишвар ҷавонони тамоми минтақаҳои кишварро ба ҳам меорад, муттаҳид месозанд ва ба роҳи ватандӯстӣ ҳидоят месозанд. Имрӯз ба онҳо имкон пайдо гардид, ки бо дастгирии ташкилкунандагони ин чорабинӣ аз шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе, ноҳияҳои Дарвозу Ҳисор дидан намуда, аз дастовардҳои замони Истиқлолият, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва ободию шукуфоии ватан огоҳӣ пайдо намоянд.
Ҳамчунин ҷавонону донишҷӯёни ш. Душанбе Аҳмадхуҷа Давлатов, Шодибег Ғолибов, Саидҷалол Муродов оид ба таҳкими дӯстию бародарӣ дар байни мардуми тамоми минтақаҳои кишвар, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ибрози андеша намуданд.
Сипас ҷавонону донишҷӯён аз иншооти дигари ҷашнии Ҳисор- чойхонаи миллӣ, ки дар шакли харбуза тарҳрезӣ шудааст, дидан намуданд. Ин чойхонаи миллӣ, ки аз рӯи услуби хоси меъморӣ бо риояи анъанаҳои бостонии шаҳрсозӣ сохта шудааст, 43 метр баландӣ, беш аз 100 метр дарозӣ ва 55 метр паҳноӣ дошта, дар масоҳати 4,5 га бунёд ёфтааст.
Тамошои мавзеъҳои зебои ноҳияи Ҳисор ба меҳмонон хеле писанд омад. Аксарияти онҳо ба ин ҷойҳо бори аввал омада, танҳо аз тариқи оинаи нилгун аз он огоҳӣ доштанд.
Пас аз бозгашт ба ш. Душанбе, ҷавонони язгуломӣ ҳамчунин ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, бо фаъолияти кормандони кумитаи мазкур аз наздик шинос гардиданд.
Дар охир ба ҷавонони водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз номи ташаббускорони чорабинӣ — роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






