Ширкати «Барқи Тоҷик» аз Кумитаи андоз қарздор аст

Январь 25, 2016 14:44

Душанбе, 25.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- “Қарзи нисбатан калони андоз ба Ширкати «Барқи Тоҷик» тааллуқ дошта, то 1 декабри соли 2014 маблағи 142,4 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар умум бақияи қарзи андозҳо то 1 декабри соли 2015 маблағи 653,2 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба андозаи 34,4 млн. сомонӣ зиёд гардидааст”,-ин нуктаро раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз намуд.
Тибқи иттилои роҳбарияти кумита соли 2015 бо мақсади кам кардани қарзи андозҳо аз тарафи мақомоти андоз нисбат ба 2100 субъекти хоҷагидор ба маблағи умумии 506,0 млн. сомонӣ қарорҳо қабул ва аз ҳисоби ин қарорҳо ва қарорҳои дар соли 2014 қабулгардида, ба буҷети давлатӣ дар маҷмӯъ 395 млн. сомонӣ ворид шуд.
Тибқи тартиби судии маҷбуран ситонидани бақияи қарзи андозҳо 63 баҳси судӣ бо субъектҳои хоҷагидор ба маблағи умумии 131.3 млн. сомонӣ мавриди баррасии судҳои иқтисодӣ қарор гирифта, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби баҳсҳои судие, ки дар соли 2014 ба манфиати буҷет анҷом ёфтаанд, дар маҷмуъ 99,8 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид шудааст.
Соли 2015 аз тарафи мақомоти андози ҷумҳурӣ 22 ҳазору 566 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба онҳо ба маблағи умумии 162.5 млн. сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ шудаанд. Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби ҷаримаҳои дар соли 2014 таъйингардида ба буҷаи ҷумҳуриявӣ 115.3 млн. сомонӣ ворид шуд.

Январь 25, 2016 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид