Қӯшунҳои сарҳадӣ: пешниҳоди маълумотнома барои як моҳ
Душанбе, 27.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Аз 1 то 26 январи соли равон дар минтақаҳои сарҳадии ҳудуди масъулияти отрядҳои сарҳадии Хоруғ, Шӯрообод, Ҳамадонӣ, Турсунзода, Истравшан, Исфара кӯшишҳои ғайриқонунӣ убур намудани хатти сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони давлатҳои ҳамсарҳад ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин интиқоли маводи мухаддир ва молҳои ниёзи мардум аз тарафи нарядҳои сарҳадӣ ва гурӯҳҳои фаврии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Точикистон пешгирӣ ва дастгир шуданд.
Дар натиҷаи амалиёти гузаронидашуда, мусодираи маводи мухаддири ҳашиш ва чарс зиёда аз 41 кг 250гр, 1 яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ 17 донаро ташкил дода, 104 вайронкунандаи низом ва реҷаи сарҳади давлатӣ дастгир шуданд. Дар ин давра мусодираи молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла пиёз, орд ва меваҳои хушк зиёда аз 32 тоннаро ташкил дод.
Нисбат ба дастгиршудагон ва мусодираи молҳои ниёзи мардум ҳуҷатҳои лозимӣ тартиб дода шуда, ба вазорату идораҳои дахлдор супорида шуданд. Оид ба маводи мухаддир ва яроқи оташфишон ҳоло аз тарафи мақомоти дахлдор тафтишот идома дорад.
Дар ин бора Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод.








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд






