Соҳиби унвони Устоди дараҷаи байналмиллалӣ гардидани 3 варзишгар дар Хуҷанд
Хуҷанд, 28.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар давоми соли гузашта 3 нафар варзишгари вилояти Суғд ба унвони «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соҳиб гардида, 29 нафари дигар ба дарёфти унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушарраф шуданд.
Дар ин бора аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд хабар доданд. Ҳамзамон дар соли 2015 15 мураббии намудҳои гуногуни варзиш дараҷаҳои мураббигиашонро баланд бардоштанд.