Сокинони Кӯлоб аз Паёми имсола илҳоми тоза гирифтанд
Кӯлоб, 20.01.2016 (АМИТ «Ховар»)- Имрӯз сокинони шаҳру деҳоти Кўлоб тавассути тамоми шабакаҳои телевизионию радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пурра тамошо карда, барои расидан ба ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани самтҳои асосии Паёми имсола нақшаҳои навро рӯи кор гирифтанд.
Дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар Паём ҳамчун чароғи фурӯзон, воситаи доимомалкунанда дар тарҳрезии нақшаи чорабиниҳо ва пеш аз ҳама, мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо роҳу усулҳои навтарин баёну тарҳрезӣ мешавад. Зимни ироаи Паём тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат ва сиёсати дохилию хориҷии кишвар таҳлилу баррасӣ гардида, гуфта шуд, ки соли 2015 барои кулли мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ давраи тазодҳо ва вусъат гирифтани хатари асри нав- экстремизму ифротгароӣ буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон масъулияти кормандони мақомоти давлатӣ ва умуман тамоми мардуми Тоҷикистонро дар самти пешгирии хурӯҷи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ таъкид кард. Таъсир расонидани офатҳои табиӣ, шиддат гирифтани бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба пешрафти иқтисодиёти кишвар монеа эҷод карда бошад ҳам, сатҳи камбизоатӣ 31 фоиз коҳиш ёфта, пасандозҳои аҳолӣ ба 9 миллиард сомонӣ боло рафтааст.
Дар ин раванд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти вазифаҳои муҳиму масъулиятнок чорабиниҳои аввалиндараҷаи зиддибӯҳронӣ қабул намуда, барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳдорӣ ва пешбурди сиёсати молия, буҷету андоз ва тақвиятбахшии рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ фаъолияти ҳамарӯзаро амалӣ менамояд.
Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






