Соли 2015 дар ҷумҳурӣ корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи беш аз 7 миллиард сомонӣ иҷро шуданд
Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Соли 2015 дар соҳаи сохтмону меъморӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 9 миллиарду 77 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамзамон ҳаҷми корҳои сохтмонию васлгарӣ 7 миллиарду 935 миллион сомониро ташкил дод. Муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ Нуралӣ Сайидзода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар ин бора хабар дод.
Ба гуфтаи мавсуф, ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар институтҳои лоиҳакашию иктишофӣ ва тадқиқотии кумита нисбат ба соли 2014 баробари 4,8 фоиз афзуда, 28 миллион сомониро ташкил дод.
Қобили зикр аст, ки дар давраи ҳисобот беш аз як миллион метри мураббаъ манзил, макотиби таҳсилоти умумӣ барои 10 ҳазору 941 хонанда, дармонгоҳҳо барои қабули 661 мизоҷ, беморхонаи дорои 115 кат ва муассисаи томактабӣ барои 385 кӯдак мавриди истифода қарор гирифтанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






