Суғд: Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ барзиёд таъмин гардид
Душанбе, 6.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар 11 моҳи соли равон нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) дар вилояти Суғд ба андозаи 102,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1210,5 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 34,6 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 164,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷои 1093,3 млн. сомонӣ 1120,9 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 2,5 фоиз ё ин ки 27,6 млн. сомонӣ зиёд аст.
Қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 1069 млн. сомониро ташкил дода, бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки дорои хусусияти иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш беш аз 872,9 млн. сомонӣ маблағ равона шуданд, ки 81,6 фоизи хароҷоти умумии буҷети вилоятро ташкил медиҳанд.
Барои дастгирии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ аз буҷети вилоят 71,5 млн. сомонӣ маблағ мақсаднок равона гардид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






