Суди шаҳри Душанбе: Пайравони “ДОИШ” маҳкум гардиданд

Январь 14, 2016 13:13

Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе дар се моҳи соли 2015 се парвандаи ҷиноятиро аз рӯи шикоятҳои кассатсионии ҳимоятгарон баррасӣ кард. Маҳкумшудагон дар соли 2015 бо ҳар роҳу восита даст ба аъмоли хавфноку зишт зада, бо таблиғу ташвиқи маводи гурӯҳи ифротии ДОИШ машғул гардида, бо намояндаҳои он дар алоқа шуда, пайравони худро зиёд кардан мехостанд. Масалан, Р. Н.-ро (соли таваллудаш 1987, соҳиби се фарзанд) суди марҳилаи аввал барои он гунаҳкор донистааст, ки бо маслиҳати пешакӣ бо нафароне, ки ақидаҳои ифротии гурӯҳи террористии “Давлати Исломии Ироқу Шом”-ро ҷонибдорӣ менамуданд, ҳамроҳ шуда, худ низ ба ҷалби шаҳрвандони дигари кишвар машғул гашта, онҳоро барои иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ дар Сурия даъват намудааст. Мавриди зикр аст, ки бародари номбурда дар Сурия қарор дошта, барои ҳарчи бештар ба дом афтондани шахрвандон бо ӯ робитаву ҳамкорӣ доштааст ва ҳатто як оиларо ба майдони ҷанг сафарбар намудааст. Барои омода намудани шиносномаи хориҷӣ ва роҳкиро ба онҳо ёрӣ расонда, тавассути роҳи Душанбе-Ҷиргатол-Ӯш-Туркия-Сурия онҳоро фиристодааст. Он оила алҳол дар Сурия қарор дорад. Шикояти кассатсионии ҳимоятгари ин маҳкумщуда аз ҷониби Суди шаҳри Душанбе бетағйир мононда шуд. Номбурда тибқи талаботи моддаи 401 эзоҳи 1 Кодекси ҷиноӣ бо назардошти тамоми ҳолатҳои хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷинояти содиршуда ба муҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Кирдори Х.И., соли таваллудаш 1990 низ хеле пасту нангин аст. Ӯ дар сомонаҳои “Одноклассники” видеороликҳои мазмуни динидошта ва баромадҳои “Гурӯҳи 24″-ро, ки хусусияти ифротию зиддидавлатӣ доштанд, тамошо намуда, дар фиттахо сабт карда, ба онхо номҳои “Клипҳои исломӣ №3“ ва “Сурудҳои исломӣ №4” ном монда, онҳоро мефурӯхтааст, ки баъди огаҳӣ ёфтан аз мазмуни ин наворҳо ин нафарон фиттаҳоро ба мақомоти қудратӣ бурда супурдаанд. Х.И. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, 94 адад чунин фиттаҳои зидди сохти конститусионӣ ва ифротиро бо нархи 1 сомониву 20 дирам ба соҳиби яке аз дӯконҳои фиттафурӯшй фурӯхтааст, ки ӯ низ аз мазмуни он бехабар онҳоро бо нархи 3 сомонӣ ба муштариён фурӯхтааст. Боқимонда 26 фиттаро аз дӯкони ӯ ёфта, мусодира намудаанд. Суди марҳилаи якум Х.И.-ро бо моддаи 307, қисми 2, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум ва ҷазо дар муассисаи низомаш сахт таъйин кардааст. Шикояти кассатсионии ҳимоятгар аз ҷониби Суди шаҳри Душанбе Душанбе бетағйир мононда шуд.
Маҳкумшудаи дигар Ф.М. хеле ҷавон, соли таваллудаш 1996 аст, зери таъсири наворҳои сомонаи “Одноклассники” дар бораи гурӯҳи ифротии “ДОИШ”, ки аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон гурӯҳи экстремистӣ эълон шудааст, маълумот пайдо намуда, тавассу¬ти телефони мобилӣ ба сомонаи “Вайбер” пайваст шуда, ба дӯстонаш наворҳои ифротии гурӯҳи мазкурро интиқол намудааст. Номбурда хамчунин дар ин сомона бо Б.Ч., робита намуда, барои дар задухурдҳои Сурия ширкат намудан маслиҳат кардааст. Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ф. М.-ро бо моддаи 307 қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ ба муҳлати 3 сол, Б.Ч.,-ро бо қисми 2-и ҳамин модда ба муҳлати се сол аз озодӣ маҳрум намудааст.
Имрӯз ҳар шаҳрванд ва ҳар инсоне, ки бо чунин афрод дучор меояд, бояд бетарафӣ зоҳир накунад, зеро ин ҷавонон худ гумроҳу бе ақидаи солиманду боз чандин нафарони дигарро аз пайи худ мебаранд. Онҳо ба амнияту оромии Ватан хатар доранд. Пешгирии онҳо аз ин аъмоли зишт аз ҷониби ҳамватанон саҳм гузоштан дар суботу оромии дохилу хориҷи кишвар аст.
Имрӯз ҳар волидайн бояд бидонад ки рафтору кирдори фарзандон назорати ҷиддӣ мехоҳад. Махсусан огоҳӣ ёфтан аз дӯстону ҳамсуҳбатони онҳо дар шабакаҳои интернетӣ ва кӯча зери назари ҷиддии волидайн бояд бошад. Бепарвоӣ дар вазъи кунунӣ натиҷаҳои баду фоҷиабор дорад.

Январь 14, 2016 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ барномаи идонаи бошукуҳ доир гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ мулоқот намуд
«БЕҲТАРИН РАСМИ МОДАР ВА ДУХТАР БО ЛИБОСИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон озмун баргузор мегардад
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст»
ИМРӮЗ — РӮЗИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Давлат бо Артиши миллӣ муқтадиру пойдор мемонад
СИПАҲСОЛОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Артиши миллӣ — артиши дар ибтидо пароканда ва номукаммале, ки имрӯз ба қувваи бузург ва ифтихори тоҷикон табдил ёфтааст
ҶОННИСОР, ШАБЗИНДАДОР ВА БОИСИ ИФТИХОР! Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат ва миллат аст
ЗАНОНИ НИЗОМИПӮШ. Дар баробари зан-модар будан масъулияти ҳимояи Ватанро низ бар дӯш доранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳимояи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум барои ҳар ҷавонмарди бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад»
Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор шуд
Ҳимояи марзу бум вазифаи ҷонии ҳар афсару сарбоз ва сокини ифтихорманди Тоҷикистон мебошад