Таъмини роҳсозони водии Бартанг бо 4 техникаи нав
Хоруғ , 26.01. 2016 (АМИТ «Ховар»),-Барои аз барфу тарма тоза нигоҳ доштани роҳҳои водии Бартанг дар фасли сармо ва сари вақт дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида, боз ду техникаи нав бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз давлати Русия ба водии Бартанг оварда шуд. Бояд гуфт, ки моҳи гузашта низ ду техникаи нави корӣ ба ноҳияи Рӯшон интиқол дода шуд ва бо ҳамин чор техникаи нав дар ихтиёри роҳсозони водӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин бо супориши Президенти мамлкат, аз ҷониби коронаи воҳиди давлатии Тоҷиксуғурта барои ҳар як оилаи аз офати табиӣ пурра зарардида 2000 сомонӣ ва барои оилаи қисман зарадида 500 сомонӣ кӯмак расонида шуд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






