Танзими лавҳаву навишта ва ҳуҷҷатгузориҳо бо забони давлатӣ
Чкалов, 27.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳтиром ба забони нобу шевои тоҷикӣ, танзими лавҳаву навиштаҳо ва ҳуҷҷатгузориҳо бо забони давлатӣ имрӯзҳо аъзои комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва санҷишҳои муштаракро ба нақша гирифта, дар ин раванд тадбирҳои саривақтӣ андешида истодаанд.
Барои сари вақт татбиқ намудани қонуни мазкур дар тамоми коргоҳу муассиса марҳила ба марҳила санҷиши матни шиору овезаҳо аз тариқи аксбардорӣ ба роҳ монда шуда, барои ислоҳи ғалатҳои мавҷуда бо пешниҳоди шакли дурусти навишт ба масъулин дастур дода мешавад.