Қурғонтеппа: Доираи фаъолияти ДДҚ ба номи Н.Хусрав васеъ мегардад

Душанбе, 29.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Дар соли нави таҳсили 2016-2017 дар Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав ихтисосҳои нав, аз қабили «назария ва амалияи тарҷума (забонҳои англисӣ ва русӣ)», «сиёсат ва идораи давлатӣ», «таъриху фарҳангшиносӣ» таъсис дода мешаванд. Ба иттилои Қудратулло Абдураҳимов, ноиби ректори ДДҚ ба номи Носири Хусрав бо ин мақсад аз тарафи ширкати «СобирСам» бинои таълимии чорошёна дар кӯчаи Дӯстии халқҳо бо сарфи 3033746 сомонӣ, парки технологӣ бо маблағи 694627 сомонӣ, ҷамъ 3 миллиону 791 ҳазору 373 сомонӣ бунёд гардида, донишгоҳ дар оянда бунёди бинои дуюми нави таълимӣ дар минтақаи мазкур, ошхонаи донишгоҳ, деворҳои атрофи он, китобхона, маркази компутерӣ ва Кохи фарҳанг барои 420 ҷойи нишастро ба нақша гирифтааст.