Қурғонтеппа: Соли 2015 соли вусъати сохтмон гардид
Душанбе, 28.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Соли 2015 дар шаҳри Қурғонтеппа корҳои сохтмонӣ вусъат ёфта, дар доираи нақшаи генералии шаҳр сохтмони 47 иншоот, аз ҷумла 32 бинои маскунии аз 4 то 15-ошёна, мактаб барои 1240 хонанда, Хонаи адибон ва Кохи фарҳанг барои 800 ҷойи нишаст, Маркази ҷавонон, Маркази саломатӣ, Маркази тиҷоратӣ, бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавӣ барои 800 ҷойи нишаст, телевизион ва радиои мустақили Қурғонтеппа, бонкҳои «Спитамен-капитал» ва «Тоҷпромбонк», бинои Сарраёсати омори вилоят, ду бинои иловагии ДДҚ ба номи Носири Хусрав, толори варзишӣ ва синфхонаҳои таълимии Коллеҷи тиббӣ идома доранд. Ба ифтихори 25-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон имсол бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани 17 иншоот дар назар аст.
-Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба масофаи 8,9 км, аз рӯйи лоиҳаи инвеститсионӣ (Чин) ба масофаи 6,8 км ва бо ибтикори сокинону соҳибкорони шаҳр 1,1 км, ҷамъан 16,8 км роҳҳо аз нав мумфарш гардиданд ва ният дорем, ки то охири соли 2017 тамоми роҳҳои дохилии шаҳр, ҳатто маҳаллаҳоро пурра асфалтпӯш намоем,- зикр намуд Амирулло Асадулло, раиси шаҳри Қурғонтеппа дар нишасти матбуотӣ ва афзуд, ки дар сурати тасдиқи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Қурғонтеппа барои солҳои 2016-2020» аз ҷониби Ҳукумати кишвар, бунёди боғи нави замонавии тафреҳиро дар масоҳати 12 гектар дар назар дорем.