Ваҳдат: иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифт
Ваҳдат, 21.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Соли 2015 дар қаламрави шаҳри Ваҳдат ба маблағи 309,1 млн. сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 баробар зиёд мебошад. Соли гузашта 76 иншооти гуногуни истеҳсолӣ, хизматрасонӣ, иҷтимоӣ ва истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳоло дар қаламрави шаҳр аз ҷониби соҳибкорон сохтмони биноҳои истиқоматии 13-ошёна дар кӯчаи Рӯдакӣ, 26-ошёна дар маҳаллаи Роҳатӣ, сохтмони биноҳои баландошёна дар маркази шаҳр, сохтмони чойхонаи миллӣ, корхонаҳои қаннодӣ, корхонаи мебел, корхонаи истеҳсоли консерва ва аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ сохтмони варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад. Дар соли 2015 зиёда аз 5 миллион сомонӣ барои корҳои анҷомдодашуда пардохт гардида, дар соли 2016, 12 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳоло бунёди боғи фарҳангию фароғатию сохтмони чандин бинои мактабҳо бо суръат идома дорад, ки тибқи нақшаи корӣ сохтмони онҳо дар арафаи таҷлили 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом мерасад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






