Ваҳдат: пешниҳоди беҳтарин навъҳои ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишию сояафкан
Ваҳдат, 26.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат 17 намуд навъҳои ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишию сояафкан ва ҳамешасабзро парвариш менамоянд, ки қаламчаи навъҳои ниҳолҳои босифатро аз ноҳияҳои Ҳисор, Файзобод, Шаҳринав ва водии Рашт дастрас менамоянд.
Тибқи иттилои муовини раиси Корхонаи ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат Қурбоналӣ Шарипов дар соли 2015 194 ҳазору 760 бех ниҳол парвариш намуданд, ки дар заминҳои корхонаи мазкур дар умум 358 ҳазор бех ниҳол ва ниҳолҳои навпайванд мавҷуд буд ва аз ин шумора корхонаи мазкур 73 ҳазору 546 бех ниҳоли гуногунро бо маблағи 251 ҳазору 217 сомонӣ фурӯхтааст.
Мутахассисони корхонаи мазкур дар асоси нақшаи кории корхона ният доранд дар соли 2016 дар майдони 2 гектару 38 сотих ниҳол пайванд кунанд ва дар умум 243 ҳазор бех ниҳоли босифат истеҳсол кунанд.
Мушкилоти асосии корхонаи мазкур, ки худмаблағгузор аст, кам будани харидорони ниҳол мебошад. Аз ҳамин сабаб дар супоридани андозҳо, сари вақт бо маош таъмин намудани коргарон ва хариди нуриҳои менералӣ корхона гирифтори мушкилоти гуногун мегардад.