Вазъи буҷети Тоҷикистон — вазифаю дастовардҳо ва мушкилот

Январь 4, 2016 10:41

Душанбе, 04.01.16. (АМИТ «Ховар»). — «Вазъи буҷети Тоҷикистон — вазифаю дастовардҳо ва мушкилот дар ҷараёни татбиқи БМХД» — чунин буд мавзӯи мизи мудаввар, ки бо ибтикори Барномаи ёрии техникии Иттиҳоди Аврупо «Дастгирии самтҳои ислоҳот дар бахши хароҷоти давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лот 1» зимни ҳамкории зич бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Барои иштирок дар муҳокима ва табодули таҷриба роҳбарони баландпояи 14 вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти молияю иқтисоди Тоҷикистон даъват шуда буданд.
Ҳадафи асосии мизи мудаввар саъю кӯшиш барои мусоидат ба раванди татбиқи БМХҲ ва афзун намудаи самараи тадбирҳо барои рушди минбаъдаи он буд. Афзун намудани донишу таҷрибаи кормандоне, ки дар татбиқи БМХҲ ширкат доранд, ҳамчунин зиёд намудани донишҳои иштирокдорони асосии ин раванд барои давраи миёнамӯҳлати тарҳрезии буҷет ва муҳокимаи нақшаҳои фаъолияти муштарак барои татбиқи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷот дар Тоҷикистон вазифаҳои асосии мизи мудаввар ба шумор мерафтанд.
Намояндагони вазоратҳое, ки ба барномаи таҷрибавии татбиқи БМХҲ ҷалб шудаанд, аз таҷрибаи худ дар амри амалӣ намудани барнома мубодилаи афкор намуданд.

Январь 4, 2016 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид