Вазири корҳои хориҷии Ироқ аз иштироки неруҳои хориҷӣ ба муқобили террористон изҳорот додааст
Душанбе, 25.01.2016 (АМИТ «Ховар») — Вазири корҳои хориҷии Ироқ Иброҳим ал-Ҷаъфарӣ изҳор кардааст, ки Ироқ ба муқобили терроризм бе иштироки неруҳои хориҷӣ мубориза мебарад. «Таҳия ва идораи амалиёти махсуси ҷангӣ ба муқобили терроризм дар Ироқ танҳо ба воситаи неруҳои ироқӣ, бе иштироки неруҳои ҳарбии хориҷӣ пеш бурда мешавад»,-чунин изҳор намуд ал-Ҷаъфарӣ зимни мусоҳиба бо журналистон. Ин суханони вазири корҳои хориҷии Ироқ ду рӯз баъд аз изҳороти вазири мудофиаи ИМА Эштон Картер дар хусуси сафарбар шудани дивизияи яккачини десантии 101-уми амрикоӣ барои озод кардани шаҳрҳои Мосули Ироқ ва Раққаи Сурия аз дастаҳои ҷангии гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» садо дод.
Хотиррасон бояд шуд, ки ду сол қабл неруҳои ҳарбии Ироқ даҳҳо шаҳру деҳаҳоро ба ҳоли худ гузошта, ба ҷониби Бағдод фирор карда буданд ва бо ин амали худ барои дастаҳои ҷангии гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» имконият доданд, ки ҳузуру нуфузи худро дар Ироқ ва Сурия афзоянд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






