ВКД: Вохӯрии вазир бо cафири Ҳиндустон
Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар») — Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бираҷа Прасад мулоқот намуда, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар масоили мубрами рӯз мубодилаи афкор намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки: «Тоҷикистону Ҳиндустон мардумони дорои фарҳанг ва маданияти куҳан буда, боиси хушҳолист, ки байни ду давлат робитаи дӯстии қавӣ ба роҳ монда шуда, ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ба имзорасида, сол то сол вусъат меёбанд. Соли 2001 Созишнома дар бораи ёрии ҳуқуқии байниҳамдигарӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба имзо расидааст, ки ҳамкориро дар мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус бар зидди терроризм, инчунин дар самтҳои мубодилаи иттилоот, иҷрои дархосту қарорҳо дар бораи гузаронидани кофтуков пешбинӣ менамояд. Имрӯз вазъияти ба амаломада дар ҷаҳон моро водор менамояд, ки дар якҷоягӣ бар зидди ҷинояткорӣ ва хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир муборизаи бе амон барем».
Бираҷа Прасад дар тақвияти гуфтаҳои вазир изҳор дошт, ки: «Мо низ ҷонибдори ҳамкории васеъ ва ҳадафманди кишварҳоямон ҳастем ва омодаем, ки баҳри тақвияти онҳо дар ҳама самтҳо кӯшишҳои пайваста ба харҷ диҳем».
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо бо бовар изҳор намуданд, ки дар оянда низ ҳамкориро ба роҳ монда, дар таъмини амният ва сулҳу суботи кишварҳои ҳамдигар кумак мерасонанд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






