Восеъ: Рушди соҳаи маориф аз Паём то Паём
Восеъ, 28.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Сироҷиддин Гурезов, дар соли 2015 ифтитоҳи 6 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42, вусъати сохтмони биноҳои нави таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раванди сохтмон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 64 аз ҳисоби соҳибкорон, оғози сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №51 ва 61 аз ҳисоби Фонди Саудии рушд, оғози сохтмони ду муассисаи нави таълимӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов, санҷиши гурўҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи таълиму тарбияи муаассисаҳои таълимӣ, таҳияи низомнову дастурҳо аз тарафи кормандони шуъба аз воқеаҳои муҳими соли 2015 маҳсуб шуда, дар рушди минбаъдаи соҳаи маорифи ноҳия нақши босазо мебозанд.
Шуъбаи маорифи ноҳия бо кумаку дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иҷрои « Барномаи давлатии сохмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015», ки дар хонаҳои шахси, вагонҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъияти ҷойгиранд” корҳои назаррасро ба анҷом расониданд.