Зилзила дар соҳилҳои Фиҷи

Январь 19, 2016 11:23

Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар соҳилҳои галаҷазираи Фиҷи воқеъ, дар қисми ҷанубии уқёнуси Ором, заминларза рух дод, ки қувваи он баробари 6,0 балл буд. Дар ин бора дар сомонаи Хадамоти геологӣ хабар дода мешавад.
«Интерфакс» хабар медиҳад, ки зилзиларо Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Русия низ ба қайд гирифта, қувваи онро баробари 5,8 балл арзёбӣ кардааст.
То ҳол маълумот дар бораи хавфи тӯфон, харобот ё осебдидагон нарасидааст.

Январь 19, 2016 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш