Ҷаласаи якуми Комиссияи доимӣ оид ба таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот
Душанбе, 16.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо мақсади таъмини иҷрои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи доимӣ оид ба таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот таъсис ёфта, аъзои комиссия барои таҳияи нақшаи корӣ ва такмилу мукаммалсозии «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ барои солҳои 2016-2020» вобаста шудаанд. Дар партави иҷрои ин дастуру супоришҳо имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи якуми Комиссияи доимӣ оид ба таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот баргузор шуд.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки дар доираи татбиқи барномаи зикршуда бояд маҷмӯи чорабиниҳо доир ба фароҳамсозии шароити мусоид барои васеъ ба роҳ мондани коркарду фурӯши маҳсулот, зиёд кардани номгӯи молҳои содиротӣ, аз ҷумла ноил шудан ба истеҳсоли на кам аз 20 номгӯи нави молҳои ивазкунандаи воридот бо арзиши баланди иловашуда ва иловатан ба роҳ мондани истеҳсоли 20 намуди чунин молҳои содиротӣ амалӣ шавад.
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба тасдиқи нақшаи кории комиссия барои соли 2016 ва такмили «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ барои солҳои 2016-2020» баррасӣ шуда, дар назди аъзои комиссия доир ба иҷрои нақшаву барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Доир ба масъалаҳои рўзномаи кории ҷаласа, аз ҷумла таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хоми маҳалӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла равғани растанӣ ва беҳтар гардонидани нишондиҳадаҳои истеҳсоли молу маҳсулоти мактабӣ ва ғайраҳо роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат бо маълумоти муфассал сухан гуфтанд. Таъкид шуд, ки вазъи ноуствори иқтисодӣ, бахусус пастравии нархи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ва иҷро нагардидани нишондиҳандаҳои асосии буҷети давлатӣ, ки пайомади бўҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ва таҳримҳои пайдарҳами иқтисодӣ нисбат ба шарикони асосии савдои хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, аз роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва соҳибкорону тоҷирони мамлакат тарҳрезии барнома ва нақшаҳои нави фаъолият, ҳамчунин истифодаи самараноки иқтидору имконоти мавҷударо тақозо менамояд. Хусусан дар роҳи афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, аз қабили семент, маҳсулоти кишоварзӣ, либос ва дигар лавозимоти мактабӣ имконоту иқтидори Тоҷикистон васеъ аст ва ин ҳама бояд ҳарчи бештар бо мақсади беҳтар намудани вазъи некўаҳволии мардум, таҳкими истеҳсолоти ватанӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии молистеҳсолкунандагони воридотивазкунанда истифода шаванд. Хотирнишон бояд кард, ки дар партави дастуру супоришҳо ва ҳидояту роҳнамунсозиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои охир ба Тоҷикистон воридоти маҳсулоти сохтмонӣ, аз ҷумла семент ба миқдори зиёд коҳиш ёфт ва дар соли 2015 мамлакат содироти ин намуди маҳсулотро ба хориҷи кишвар роҳандозӣ намуд. Барои дастгирӣ ва ҳавасмандии соҳибкорону молистеҳсолкунандагон зарур шуморида шуд, ки иҷрои нишондиҳандаҳои асосии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бетаъхир таъмин шавад.
Дар анҷоми ҷаласа аз аъзои комиссияи доимӣ ва дигар масъулони дахлдор иҷрои саривақтии нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда, афзун намудани номгӯи маҳсулоти содиротӣ ва татбиқи пурраи барнома ва нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо карда шуд.